- гум
- I[گم]1. нопадид, бедарак, ғоиб, мафқуд, нонамоён, азбайнрафта; гум гаштан ниг. гум шудан; гум кардан а) чизеро аз даст додан; мафқуд кардан: соати худро гум кардан, қалами худро гум кардан; б) ягон сифат ё хосияти худро аз даст додан: сиҳатии худро гум кардан, қобилияти (қувваи) худро гум кардан; в) надидан касеро, аз назар ғоиб будани касе; гум шудан а) фоқид гаштан, нест шудан, талаф гаштан, нобуд шудан; б) аз байн рафтан, барҳам хӯрдан; в) ғайб задан, ғоиб шудан, бедарак шудан, нопадид шудан; гум шав! дафъ шав!, аз назарам дур шав! (таъбири дашном)◊ ақл гум кардан ниг. ақл; гапро гум кардан чӣ гуфтанро надониста мондан; давоми сухани худро фаромӯш кардан; дасту по гум кардан ниг. даст; роҳ гум кардан бероҳа шудан, аз роҳи рост баромадан, роҳгум задан; худро гум кардан инони ихтиёрро аз даст додан, саросема шудан (аз ғояти шарм, ҳаяҷон ва ғ.)II[گم]:дил гум задан ниг. дилIII[گم]чуқур, чоҳи бетаг, чоҳи тагаш нопайдо
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.